ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ЭҲТИЁТ ШАРТИ ҲАЁТ АСТ!

Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон пандемияи КОВИД- 2019 ё  коронавирус  паҳн гардидааст, ки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дар мубориза бо ин беморӣ ба сар мебаранд. Тибқи иттиллои Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар ҷумҳурии мо низ чанд ҳолати паҳншавии ин пандемия ба қайд гирифта шудааст, ки ин хеле нигаронкунанда мебошад.

Аз ин лиҳоз тамоми шаҳрвандони кишварро зарур мешавад, ки ҳини гашту гузор ва рафту омад дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз фосилаи байни одамон ҳамеша истифода баранд ва ниқобу маҳлулҳои безрарагардониро ҳамеша бо худ нигоҳ доранд. Зеро гашту гузор бе ниқоб ва маҳлули безараргардонии тиббӣ имрӯзҳо камтар хатарнок аст. Албатта, ҳамаи ин тавсияҳо барои пешгирӣ ва ҳифзи амнияти саломати ҷомеа мебошад. Дуввум бо ин амал ҳар як шахс метавонад ҳаёти худ ва аҳли оилаашро аз ҳолати мубталошавӣ эмин дорад ва ҷони худро наҷот диҳад.

Зеро имрӯз ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки нисбати саломатии худ бетараф набошад ва дар ҳолати сар задани ягон беморӣ ё худ ҳолатҳои ҷойдоштаи пандемияи КОВИД-2019 ё худ коронавирус ҳатман ба табиб муроҷиат намояд.

Ҳар як амал ё чораи эҳтиётии мо ҷони чанд касро наҷот медиҳад, ки беҳтарин роҳи ҳимоя бо пандемия мебошад. Зеро бо ин роҳ мо метавонем аз сироятёбӣ эмин монем, ки ин амал ҳам хайру ҳам шодмонии зиндагист.

Мо, устодони кафедра ба ҳама сокинони кишвар беҳбудиву саломатӣ хоста, тавсия менамоем, ки дар ҳолатҳои нозарурӣ ба кӯчаву хиёбонҳо нагарданд ва ҳаргиз  бе ниқоб ба берун набароянд.