Аз рӯйи навиштаҳо ва ахбори расонаҳои байналмилалӣ чунин бармеояд, ки рӯзи 15-уми апрели соли 2020 панҷ тан аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ҳамкори бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ва тарҳрезӣ намудани ҳамлаи террористӣ дар қаламрави Олмон аз ҷониби пулиси ин кишвар дастгир шуданд.
Ин боздоштро расонаҳои наҳзатпараст ба гунаи дигар шарҳ доданд ва бо ҳамин хостанд бар чашми ҷомеа хок зананд, аммо ин амал дер напоиду роҳбари разилу касиф ва малъуни наҳзатӣ ба хотири ҳимоят аз дастпарварон ва террористони наҳзатияш М. Кабирии палид ба таври фаврӣ муроҷитаи видеоӣ анҷом дод, ки дар ин навор ӯ аз ин паҷн террористи боздоштшуда дар қаламрави Олмон ҳимоят мекард, ки ин амал боз ҳам нақшаву ният ва барномаи наҳзатиёни палидро ошкор сохт.
Яъне табоҳиву хоинии наҳзатиёни манфур дар ҳамин ҷо ҳам ба таври ошкоро гардид ва маълум шуд, ки наҳзатиён дар ҳама ҷо нияти нек ва дили пок надоранд ва ҳамеша фикри хиёнат бар башариятро дар сар мепарваранд.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рӯсиёҳӣ ва хиёнати наҳзатиёни палидро маҳкум намуда, бар Кабирии манфур ва дигар наҳзатиёни бадсиришт лаънат мехонем.