ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: КАБИРИИ МАЛЪУН МАРДУМРО БА ТАҲЛУКА АНДОХТАНИСТ.

Ҳарчанд ҳамагон медонанд, ки ҳеҷ як душман ба хотири нек шудани вазъ сухан намекунад ва ин ки Кабирии малъун ҳоло вобаста ба паҳншавии коронавирус баромад намуда, мардумро ба таҳлука андохтанист, бисёр ҳам нигарон шудем. Зеро мо хуб медонем, ки дар кишвари мо ин пандемияи КОВИД-2019 ба қайд гирифта нашудааст ва аз ҷониби дигар агар бигӯем, ки воқеан ҳам агар кабирии малъун ва террорист дилаш бар миллат ва ҷомеа месӯхт беморхонаи сироятии Сари Кишти ноҳияи Рӯдакиро,  500 кати табобатӣ дошт, бо ҳаммаслаконаш қисм-қисм карда намефурӯхт.

Пас чӣ гуна мешавад ба мутаҳами Кабирии палид бовар кард?

Дар ҳоле, ки худи ин малъуни наҳзатӣ беморхонаро ба фурӯш гузошта будаасту аз ҳолати иҷтимоии мардум сӯистифода намудааст, пас чӣ тавр мешавад ин махлуқро инсони солим номид. Ин ки ӯ ҳоло баромад мекунаду суханрониҳои бардавом мекунаду мардумро фиреб доданӣ мешавад мо ягон хел бовар надорем ва чеҳраи воқеии ин малъунро мешиносем.

Ҳоло агар ҳамин беморхона мебуд, шояд барои карантиншудагон садҳо ҷойи хоб буд. Пас ин Кабирии палид ва террорист кӣ буданашро аз ҳамин ҷо метавон дарёт!

Мо, устодони кафедра ин рафтори Кабирии малъун ва ҳаромзодаро, ки барои ба таҳлука андохтани мардум талош мекунад, маҳкум намуда, ин террористи сарсону саргардонро шармат бод мегӯем!