Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, ки ин барои кишвари ҷавони Тоҷикистон ва миллати тоҷик айни муддаост.
Ногуфта намонад, ки Рустами Эмомалӣ идомадиҳандаи мактаби бузурги роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва ин албатта дар амалу корномаи эшон самари баланди касбӣ додааст, ки мо дар давраҳои гуногуни фаъолияти ин ҷавони меҳанпараст мушоҳида намудем.
Танҳо гуфтан аз он ки эшон дар як муддати кӯтоҳ пойтахти кишвар шаҳри Душанберо аз пештара беҳтару хубтар намуданд, худ кофист. Зеро Рустами Эмомалӣ бо малакаи бойи роҳбарӣ ва таҷрибаи баланди касбӣ симои пойтахтро ба таври комил иваз карданд, ки имрӯз дар қатори пойтахтҳои беҳтарин дунё қарор дорад.
Мо, устодони кафедра интихоби Рустами Эмомалиро ба ин вазифаи пурмасъулият хуш пазируфта, ба эшон дар ин роҳ муваффақият таманно менамоем!