ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ДАЛЕР ШАРИПОВ-ХОИНИ МИЛЛАТ!

Тавре, ки хуб медонем ва аз расонаҳо низ маълумотҳоро дар даст дорем журналисти наҳзатпарвар ва пайрави ақоиди созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” ва ҳамзамон тарғибкунандаи идеологияи ин созмони террористӣ дар кишвар ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва сӯистифода аз пешаи журналистика ба додрасӣ кашида шуд, ки ин хеле саривақтӣ мебошад.

Зеро чунин тоифаи бадкеш ва тарғибкунандагони идиологияи террористӣ дар миёни атбои равшанфикрон ва махсусан журналистон бисёр ҳам хатарнок аст ва набояд, ки ҷомеа ба ин масъала бетараф бошад.

Ин ки ҳоло Далер Шарипови иғвогар ва террористаки дар ниқоби журналист пушти зиндон меравад ва дар назди қонун ба ҳар як хиёнатҳояш ҷавоб мегӯяд сад дар сад амиқ аст ва ин ки ҳоло аз ӯ  баъзе расонаҳои дигар қаҳрамон сохтани мешаванд, ин дигар як бозии душманони миллат аст ва ин корро ҳам бештар ҳамон радиои “Озодӣ” ва Ахбор.ком анҷом медиҳад, ки ҳарду ҳам имрӯз дар хизмати ТТЭ ПМТ қарор дорад ва ҳарду ҳам барои паст задани обрӯйи миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ талош менамоянд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони бадкеши миллатро маҳкум намуда, дар назди қонун ҷавоб гуфтани Далер Шариповро ба хиёнатҳову хоинияш бар миллат талаб менамоем!