ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ВАТАНДӮСТӢ ҲАМ ШАРАФМАНДИСТ!

Қайд кардан ба маврид аст, ки инсон вақте ба дунё меояд, ӯро дар ҳамон ҷое, ки ба дунё омадааст ном мегузоранд ва ӯро сокини ҳамон диёр ва ё худ сарзамин меҳисобанд, ки ин падидаи ҷамъиятист. Аммо набояд фаромӯш кард, ки он ҷое ки инсон ба воя мерасад ва аз обу хоки он истифода менамояд ва аз манзараҳои назаррабояш фараҳ мебарад, он ҷост Ватан  ва ҳар сокини он бояд онро ҳифз кунад ва дар фикри ободиву осудагияш бошад.

Дар замонҳое қадим инсонҳо маконе, ки зисту зиндагонӣ менамуданд аз бегонагон ҳифз мекарданд ва на ҳар кас метавонист вориди он макон шаваду ба иззати нафси касе бирасад. Зеро ин вазифаи мардон буд, ки диёр аз чашми бади бегонагон эмин мемонд, ки ин ҳам аз намунаҳои ватандорист.

Ҳоло даъвати наваскарони ҷавон  ба Артиши миллӣ оғоз гардидааст, ки ин ҳам як саодату сарбаландӣ ва шуҷоату беҳтарин лаҳзаи омӯзиши мактаби мардонагиву адои қарзи шаҳрвандист. Зеро тавре, ки медонем на ҳама имкон доранд, ки барои ҳифзи марзу буми хеш камар бубанданд ва дар сафи беҳтарин мардони диёр қарор гиранд.

Хизмат ба Ватан ин шараф ва ифтихори бузург аст, ки на ҳар кас ба ин номи мубораки сарбози Ватан шарафёб мегардад.