Ҳамон гуна, ки маълум аст, чанд рӯз қабл аҳли маорифи ВМКБ пешниҳод намуданд, ки Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қабл аз дарс дар ҳама муассисаҳои таълимӣ садо дода шавад.
Албатта ин пешниҳод аз чанд ҷиҳат ҷанбаи тарбиявиву мусбӣ дошта ба шаклгирии насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву рафоқат ва садоқат мусоидат менамояд. Зеро ҳар яки мо хуб медонем, ки Суруди миллӣ ин пайвандгари ҳамаи қишрҳои ҷомеа зери як марому мақсад мебошад ва аз ҷиҳат қироати он ҳар субҳ беҳтарин василаи даъват ва бедорсозии насли наврас мебошад.
Бо шунидани Суруди миллӣ дар дили ҳар як нафар муҳаббат ва самимият ба ин Ватани маҳбуб ва сарзамини пурганҷ пайдо мешавад, ки ин бениҳоят хуб аст ва ба насли ҷавон таъсири бисёр ҳам хуби психологӣ мерасонад.
Аз ин рӯ ҷорӣ намудани чунин анъана дар муассисаҳои таълимии мамлакат бисёр ҳам ба маврид буда, айни муддао мебошад. Ин таҷриба нав аст ва умедворем дар тарбия намудани насли навсар ва ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву мустақилият ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ мусоидат менамояд.
Мо омӯзгорони кафедра ин иқдомро ҳаматарфа дастгирӣ намуда, тарафдори он ҳастем, ки ҳар субҳ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат Суруди миллӣ садо диҳад, то қалби меҳанпарастон дубора пур аз саодат гардад.