ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: МАРГ БАР НАҲЗАТИЁНИ ДУШМАН!

Имрӯзҳо аъзоёни фирорнамудаи ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд ва талош менамоянд, ки ҷавононро гумроҳ намоянд ва барои ин як қатор сомонаҳои ифротгароёнаву иғвобарангезро ташкил додаанд.

Ҳарчанд мардуми  тоҷик хуб медонанд, ки душманони аслии ин миллат ҳамин наҳзатиёни палиду касиф ҳастанд, аммо ин наҳзатиёни манфурн бошанд, талош менамоянд, ки дар назди ҷавонон худро бегуноҳ ва дӯст муарримфӣ кунанд ва барои ин ҳар рӯз садҳо матлаби бардурӯғ ва иғвобарангезро нашр менамоянд, ки ин як хиёнати маҳз аст.

Ҳоло ин наҳзатиёни бадкеш фикр мекунанд, ки миллати тоҷик хиёнату даҳшатҳои овардаашон ба сари миллатро фаромӯш кардаанд, аммо ин нуктаро набояд фаромӯш кард, ки доғи дар сина ҷо намудаи наҳзатиёни манфур ҳаргиз зудуд намешавад.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ба ин наҳзатиёни бадкеш ва душман лаънат мехонем.