Чандест, ки тариқи расонаҳои таъсиснамудани худ аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар душманони миллати тоҷик барои вайрон намудани мафкураи ҷавонон ва тарғиб намудани ғояҳои ифротӣ талош мекунанд ва ҳар рӯз садҳо матлаби бардурӯғ ва хусусияти ифротидоштаро ба нашр мерасонанд, то ҷавононро гумроҳ созанд.
Алабба, маълум аст, ки онҳо барои ин кор аз хоҷагони хориҷияшон маблағҳои бузурге ба даст меоранд ва аз натиҷаи корашон ҳам ба хоҷагонашон ҳисобот медиҳанд, аммо набояд фаромӯш кард, ки наҳзатиён на як хоҷа, балки чандин сармоягузор доранд, ки ҳамаи онҳо душманони миллати тоҷик ҳастанд.
Аз ин рӯ, ҷавононро зарур меояд, ки бештар саводнокии ххудро беҳтар созанд ва ба сафсатаҳои наҳзатиёну душманони миллат таваҷҷуҳ накунанд.
Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, онҳоро душманони насли башар меҳисобем.