ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ТТЭ ҲНИ ЯЧЕЙКАИ СОЗМОНИ ТЕРРОРИСТИИ “ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН”

Ҳамон гуна, ки маълум аст, пас аз солҳои фаъолияти дурмадарозаш маълум гардид, ки ТТЭ ҲНИ ячейкаи созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” будааст ва пинҳонӣ ғояҳои ифротии ин ташкилотро дар амал татбиқ мекардааст, ки ин як хиёнати бузурги наҳзатиён ба миллати тоҷик мебошад.

Зеро ихвониҳои ифротӣ бештар ғояҳои ифротӣ ва зидди инсониро тарғиб намуда, кӯшиш менамудаанд, ки мардумро дар рӯҳияи душманӣ тарбия намоянд ва наҳзатиёни палид ҳам аз ҳамин шева кор мебурдаанд, ки дар охирҳо маълум гашт.

Ҳамчунин дар ҷанги шаҳрвандии кишвар ҳазорон аъзои созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” бо тарафдори аз ТТЭ ҲНИ ширкат намудаанд, ки ин як хиёнати бузург бар миллат мебошад.

Ҳоло оҳиста-оҳиста фаъолиятҳои пасипардагии аъзоёни ТТЭ ҲНИ маълум гаштаистодааст барои миллати тоҷик ва аз ҷониби дигар чеҳраҳои манфури ин хоинон ошкор шудаистодааст.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ин тофиаи бадсиришро лаънат мехонем!