Ҳарчанд душмани миллати тоҷик, хоини бадкеши миллат Кабирии палид изҳор медорад, ки ТТЭ ПМТ мақсаду мароми дигар дорад, аммо ҳамон гуна ки аз воқеиятҳо бармеояд ин як шохаи ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки бар иваз намудани ном рӯйи кор омадааст. Ва аҷибаш дар он аст, ки бо маблағгузории ҳамон хоҷагони хориҷияш таъсис ёфтааст.
Аммо ҳоло наҳзатиёне, ки гирди Кабирии террорист ҷамъ омадаанд, мақсаду мароми худро, ки қаблан ҳимоят аз дину мазҳаб муаррифӣ мешуд, комилан дигар карда, иддао мекунанд, ҷонибдори демократия ва озодиҳо ҳастанд.
Лек чуноне, ки маълум аст, равияи коргузорӣ ва муносибати наҳзатиён ҳамон шеваи кӯҳна аст ва ҳамон гуна, ки мехостанд ба миллат хиёнат кунанд, ҳамон ҳадафҳоро пайгирӣ мекунанд. Аслан ин навъ кори наҳзатиёнро ва махсусан ТТЭ ПМТ-ро як навъ ниқоби Кабирии террорист барои гумроҳ кардани мардум ва хиёнатҳояш номидан мумкин аст.
Мо устодони кафедра ин рафтори хоинонаи наҳзатиёни палидро маҳкум намуда, ин ташкилоти навашонро, ки террористӣ аст, душмани башарият унвон мекунем!