ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ: ХИЁНАТИ НАҲЗАТИЁНИ ПАЛИД БАР МИЛЛАТ САФҲАИ СИЁҲ ДАР ТАЪРИХ!

Магар мешавад он ҳама даҳшат ва ваҳшати солҳои 90-умро, ки наҳзатиён бар сари миллат оварда буданд, фаромӯш намуд?

Магар мешавад он ҳама рӯзҳои сангин ва ятимону ғарибонро фаромӯш кард?

Магар мешавад гирияву нола ва зораи тифлони волидайнашон аз дасти наҳзатиён ба қатл расидаро фаромӯш сохт?

Ҳаргиз не ва ҳаргиз миллати тоҷик ин хиёнати бузурги наҳзатиёни палид ва малъунро нахоҳад бахшид. Зеро дар ҳар як сутуни таърихи миллати тоҷик аз хунрезӣ ва қатли бегуноҳон аз ҷониби наҳзатиён сухан меравад, ки воқеан ҳам ин амал як ҷиноят ва як хотираи сиёҳ дар сафҳаи таърихи муосири кишвару миллат мебошад.

Аз як миллион гурезаву зиёда аз 160 000 қурбонии бегуноҳи аз ҷониби наҳзатиён ва аниқтараш аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба қатл расида, то ҳанӯз расонаҳои олам менависанду онро фоҷиа башарӣ номид, аммо наҳзатиёнро бошад ин чиз андаке ҳам ба андеша роҳнамоӣ намекунаду бар хоиниву хиёнаткорӣ идома медиҳанд ва талош мекунанд, бештар хиёнат бар Ватану миллат намоянд, ки ин аз пастфитративу разилии наҳзатиён шаҳодат медиҳад.

Ҳарчанд имрӯзҳо наҳзатиён дар хориҷи кишвар қарор доранд, аммо то кунун талош мекунанд, то миллати тоҷикро гумроҳ созанду мардумро ба сарсонӣ баранд, ки ин албатта аз бадкешиву аблаҳии наҳзатиён шаҳодат медиҳад.

Мо, устодони кафедра ин хиёнат ва он доғи овардаи наҳзатиёнро дар рухсораи миллат ҳаргиз фаромӯш намесозем ва бар наҳзатиёни террорист лаънат мехонем!