ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ: КОРОНАВИРУС ФОСИЛА МЕХОҲАД.

Тибқи маълумотҳои бадаст омада, имрӯзҳо тамоми ҷаҳонро коронавирус ё худ пандемияи КОВИД-2019 фаро гирифтааст, ки ҷаҳониён ин шабу рӯз аз ин ранҷ мебаранд. Аммо ҷониби нигаронкунандаи масъала дар он аст, ки то ҳол бар зидди ин пандемия ягон доруи табобатӣ тавсия нашудааст ва фақат табобати хосро тақозо менамоянд.

Аз ин лиҳоз, гуфтани он ки ин ё он дору барои аз байн бурдани ин пандемия кӯмак менамояд, комилан хастост. Зеро дар ягон кишвари пешрафтаи ҷаҳон то кунун роҳҳои табобати ин маризиро пешбинӣ накардаанд.

Фақат тавсияи Вазорати тандурустиро метавон ин шабу рӯз ба манфиати кор донист, ки мегӯяд бояд инсонҳо гигиенаи шахсиро риоя кунанд ва аз ниқобҳо истифода баранду дар фосилаи на кам аз ду метр бо одамон бошанд. Пас ин ҷо чунин хулоса намудан мумкин аст, ки ягона роҳи эмин мондан аз коронавирус ин фосила гирифтан аз ҷамъияти одамон мебошад. Яъне беҳуда ба кӯчаву хиёюбон набаромадан ва дар хона нишастану фосила гирифтан аз ҷамъияти пуранбӯҳ ба нафъи кор аст.

Мо, устодони кафедра ҳолати пешомадаро ба инобат гирифта, аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриро ба инобат гиранд ва риоияи онро ҳатмӣ намоянд, зеро коронавирус фосила мехоҳад!