ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ: НАҲЗАТИЁН ДАР АВРУПО ҲАМ ШАРМАНДА ШУДАНД.

Тибқи иттиллои ба даст расида, панҷ тан аз ҷавонони аъзои ТТЭ ҲНИ, ки муқими кишвари Олмон буданд, бо иттиҳоми ҳамкори бо созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДИИШ) ва тарҳрезии як амали террористӣ дар қаламрави ин кишвар дастгир шуданд.

Пас аз эълони боздошт шудани ин панҷ тан наҳзатиёни муқими Аврупо Кабирии малъун гӯё дар танаш кайк давида бошад, зуд муроҷиати онлайнӣ намуда, аз ин панҷ нафар террористи боздоштшудаи наҳзатӣ ҳимоят намуд, ки якбора ҳамагонро дар ҳайрат гузошт. Ҳамчунин дар ин радиф роҳбари ташкилоти экстремистии “Гурӯҳи 24” низ иттилоъ пахш намуд, ки ин афрод дар рӯйхати аъзоёни ин созмон нестанд.

Аммо, чизе, ки пинҳон дошта мешуд дар ин ду муроҷиатнома ба кулли ошкор гардид ва ин ҳам бошад аъзо будани ин панҷ ҷавони роҳгумзада ба ТТЭ ҲНИ, ки акнун бо ҷамъе аз террористонаш дар хориҷ ба сар мебаранд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори наҳзатиёни малъунро маҳкум намуда, ба ин бадкешони наҳзатӣ, ки шарманда шуданд, лаънат мегӯем.