Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон масъалаҳои мубрам ва бисёр ҳам мушкилу ташвишовар ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва ин яке аз масоили бисёр ҳам доғ ба шумор меравад.
Зеро зуҳури гурӯҳҳои террористӣ ва падидаҳои бисёр ҳам манфии ифротгаро ба осоиштагиву оромии ҷомеа халал ворид месозанд ва яке аз сабабҳои аслии нооромӣ дар ҷаҳон ҳастанд.
Аз ин лиҳоз ҷомеаро зарур меояд, то маърифати худро баланд намоянд ва бар алайҳи ин гуна гурӯҳҳову созмонҳои ифротӣ мубориза намоянд. Зеро ин гурӯҳҳо бештар афроди камогоҳро мавриди ҳадаф қарор дода ба худ тобеъ месозанд ва пасон гумроҳ мегардонанд, ки ин бисёр ҳам ҳолати нигаронкунанд аст.
Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинон ва душманонро ба таври комил маҳкум намуда, ин гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистиро ба таври комил маҳкум менамоем.