ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ: ИНТИХОБОТ МАЪРАКАИ МУҲИМ

Ин шабу рӯзҳо дар кишвар омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихобот  идома дорад ва намояндагони ҳизбҳои фаъол дар кишвар аллакай фаъолона барномаҳои намояндагони худро ба ҷомеа муаррифӣ мекунанд.

Аммо ҳастанд баъзе ҳизбҳое, ки то ба ҳол барномаи созанда ва иҷрошудаи худро надоранд ва думболи барномаҳои қаблӣ ҳастанд. Аммо тавре ки мушоҳида мешавад, барномаи ҲХДТ аллакай дар дасти мардум аст ва ин ҳизб бо он имконият ва тавоноияш мардумро бовар кунонидааст. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки  ҲХДТ яке аз ҳизбҳои созанда ва ободкору ҷомеасоз дар кишвар маҳсуб мешавад ва дар рушди кишвари азизамон нақши бисёр ҳам муҳим ва калидӣ дорад.

ҲХДТ ҳизбест, ки метавонад дар роҳи расидан ба зиндагии шоиставу осуда ба мардум кумак намояд ва муроди халқро бароварда созад. Зеро ин таҷрибаро ҲХДТ дорад, мо аз фаъолияти пурсамари он огоҳем ва пешрафтҳову дастовардҳоро ҳар рӯз мушоҳида менамоем.

 Мо омӯзгорони кафедра барномаҳои ҲХДТ ҳаматарафа дастгирӣ намуда, аз ин ҳизб пайравӣ менамоем ва ба тарафдории ин ҳизби арзанда овоз медиҳем.