ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ: КАБИРИИ НАЙРАНГБОЗ ИН ДАФЪА НИЗ ҲАРЗА ГУФТААСТ.

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо яке аз хоинони бадкеш ва ҷосуси хиёнаткору миллатбадбин раиси ТТЭ ҲНИ Кабирӣ дар хориҷ аз кишвар бар алайҳи миллати тоҷик баромад намуда, талош мекунад, то ҷомеаро ба гумроҳӣ барад. М. Кабирӣ, ки ҳамчун террористи маккор шинохта мешавад, имрӯзҳо талош мекунад, то дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва мақоми миллати тоҷикро коста гардонад.

М. Кабирии террорист ба ҷиноятҳо ва хиёнатҳояш ҳоло тобиши нав дода, кӯшиш мекунад, то аз роҳи фиреб додани институтҳои байналмилалӣ ҷиноятҳо ва амалҳои террористияшро пардапӯш намояд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманона ва номардонаи М. Кабирии террористро комилан маҳкум намуда, бар ӯ шармат бод мегӯем!