ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ: ШИКАСТИ ШАРМАНДАВОРИ НАҲЗАТИЁНИ ПАЛИД

Ҳамон гуна, ки хуб медонем, пас аз ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон шуданаш аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хориҷи кишвар фирор намуда, бо дастгириву сармоягузории хоҷагони хориҷияшон ҳамон ҷо чандин сомонаву радиову воистаҳои иттилоотии худро таъсиси доданд, то бар алайҳи миллати тоҷик мубориза баранд.

Ҳамчунин ин наҳзатиёни лаину манфур имсол дар нишасти САҲА ширкат намуда, худро ҳамчун мухолиф муаррифӣ карда, шармандавор дар ин нашст шикаст хӯрданд.

Зеро он афроде, ки дар ин нишаст аз ТТЭ ҲНИ намояндагӣ мекард, аслан на саводи сиёсӣ дошту на малакаи суханронӣ ва ин боис гардид, аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар миёни созмонҳои байналмилалӣ шарманда шаванд.

Дар ин росто дар як соли фаъолияти душманонааш аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба ягон натиҷаи дилхлоҳи худ нарасида, ба ҷз дасисабозиву иғвобарагези дигар коре накарданд.

Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони маллат, наҳзатиёни палидро маҳкум намуда, як соли фаъолияти террористии наҳзатиёнро душманонаву аблаҳона унвон мекунем.