ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ФИЛМИ “ХИЁНАТ” СИМОИ АСЛИИ НАҲЗАТИЁНРО ИФШО СОХТ!

Ҳоло замон дигар пеш рафтааст ва ҷомеа низ хуб медонад, ки бо кадом роҳ барои худ маълумот ба даст овараду ҳақиқатро дарёбад. Ҳарчанд гурӯҳҳо ва созмонҳое бадхоҳе ҳастанд, ки мехоҳанд маълумотро аз ҷомеа пинҳон нигҳ доранд. Мисоли равшани ин тоифа аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом мебошанд, ки мехостанд дилу нияти ифлос ва палидонаи худро аз ҷомеа пинҳон доранд, аммо нашуд. Зерро дигар ҷомеа аз шунидани макру найранг ва ҳиллаи наҳзатӣ дилгир шуд ва дарк кард, ки зери коса нимкосае ҳаст.

Таълифи филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки аз ҷониби таҳиягарони “Тоҷикфилм” офарида шудааст, як таконе буд барои шинохти душманони миллат ва махсусан наҳзатиёни террорист. Дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бисёр ҳам кушоду равшан ва озод дар бораи фаъолиятҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатии аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо далелҳо сухан меравад, ки барои шинохти чеҳраи аслии душманони наҳзатӣ як қадами бузург ва як санади муҳими таърихӣ мебошад. Дар филми мазкур аз забони шоҳидони ҳодисаву даҳшатҳои солҳои 90-ум, ҷабрдидагон сухан меравад, ки ваҳшонияти наҳзатиёнро пеши чашм намудор мегардонад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷик, наҳзатиёни малъунро маҳкум намуда, ба ҳама гуфтанием, ки филми “Хиёнат”-ро бинанду чеҳраи аслии наҳзатиёнро бишносанд.