ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ТТЭ ПАЙМОНИ ЗИДДИМИЛЛӢ-ЛОИҲАИ НАВИ ТЕРРОРИСТИИ НАҲЗАТИЁН!

Аслан ҳар як созмон ва ташкилот бояд як барномаи муайян ва комили худро дошта бошад, то аз рӯйи он мардум битавонанд шиносанд, ки ин созмон чӣ мақсаду маром дорад?! Лек ҳамон гуна, ки мебинем, аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом бо роҳбарии М. Кабирӣ террористи муздур дар доираи ташкилоти террористии худ, созмони террористии наверо бо номи Паймони зиддимиллӣ таъсис додаанд, ки  ягон барномаи дуруст ва комилро доро нест. Тибқи таҳлил ва пажӯҳиши коршиносон маълум гардид, ки созмони террористии “Паймони зиддимиллии наҳзатиён”, ки дар Аврупо таъсис дода шудааст, духтарсозмони ТТЭ ҲНИ буда, аз ҷониби хоҷагони хориҷии наҳзатиён таъмини молӣ мешавад, ки ин ҳам лоиҳаи нави террористӣ номидан мумкин аст.

Тамоми наҳзатиён талош мекунанд, то хиёнатҳо ва разолату бадбинии худро тариқи ин созмон нисбати миллати тоҷик амалӣ намоянд ва ҳамин аст, ки ҳамарӯза наҳзатиён дар сомонаҳои интернетӣ иғвобарангезиву дасисабозӣ мекунанд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷик, хоинони разили наҳзатиро комилан маҳкум намудан, бар ҳама наҳзатиёни террорист лаънат мехонем!