Ҳамон гуна, ки маълум аст дар шароити ҷаҳонишавӣ беҳтарин арзишҳо аз даст мераванд ва ҷойи онҳоро арзишҳои бегона соҳиб мешаванд. Яъне арзишҳои бегона ба монанди фарҳангу маданияти таҳоҷуми ҷойнишини фарҳанги аслӣ мегардад.
Имрӯзҳо зиёд мушоҳида менамоем, ки ҷавонон бинобар надоштани маълумоти кофӣ ва саводи казоӣ ба асли мақсад сарфаҳм нарафта бештар ба тақлиди куркӯрона мепардозанд ва гумон мекунанд, ки ҳамин чиз асоси меъёр аст.
Аммо тавре, ки маълум аст ин тарзи либоспӯшӣ ва латтаи сиёҳро ба сар кашидан на ба фарҳанги мо рост меояд ва на ба ягон талабот ҷавобгӯй мебошад. Ҳамчунин ҷавонон аз сабаби надонистан ва маълумот надоштан ба ин чизҳо пайравӣ менамоянд ва гумон мекунанд, ки аз онҳо донотару бофарҳанг нест, дар ҳоле, ки онҳо худ арзишҳои фарҳангии миллии худро поймол намуданд ва боиси аз байн рафтани он гардиданд.
Ин масъала низ таваҷҷуҳи махсусро мехоҳад ва бояд ҷомеаи маданӣ ба ин масъала баҳои воқеӣ диҳад ва барои пайрави нанамудан бо арзишҳои фарҳангҳои бегона бо ҷавонон ва махсусан бо ҷавондухтарон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад.
Мо, устодони кафедра тақлид ба фарҳанги бегонаро, ки сарчамшмаи бегонапарстист, ифротгароӣ ҳисобида, тақлиди бемаврид ва зиёноварро маҳкум менамоем.