ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ДАРГОҲИ МУҚАДДАС НОЗИ ХОИНОН ҲАРГИЗ НАБАРДОРАД!

Чандест дар фазои маҷозӣ ва махсусан интернет М. Садриддин яке аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба дасисабозиву иғвобарангезӣ машғул шуда, маводҳои бардурӯғ менависаду ба нашр мерасонад, ки басо амали номардона мебошад. Зеро аксарияти навиштаҳои М. Садриддин дур аз ҳақиқату тахайюлӣ мебошад, ки дар як лаҳзаи хондан инсон дарк менамояд. Лекин,  намедонем чаро маҳз М. Садриддин ба хотири ҷомеаро ба гумроҳӣ бурдан, чунин амалҳоро анҷом медиҳад?

Он чӣ дар навиштаҳои ин хоини миллат дида мешавад, касро ба андеша водор менамояд, ки наход як сокини Тоҷикистон нисбати ватану ҳаммилатонаш чунин рафтори пастфитратонаро раво бинад ?

Ҳоло М. Садриддин, ки ғуломи хоҷагони хориҷияш гардидаасту пайваста аз рӯйи нақшаи душманонаи онҳо бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебарад, рӯзе ҳатман пушаймон ҳоҳад гардид, чунки даргоҳи муқаддас нози хоинон ҳаргиз набардорад!

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори нодуруст ва душманонаву иғвогаронаи М. Садриддинро комилан маҳкум намуда, бар ӯ шармат бод мегӯем!