Имрӯзҳо вазъияти ҷаҳони муосир он гуна, ки медонем хуб ба назар намерасад ва сабабаш низ гуногун аст ва яке аз омилҳои аслияш ба бозӣ кашидани қудратхоҳон мебошад. Мисоли равшани ин гуфтаро метавон дар воқеаҳои охири кишвари Белорус бараъло мушоҳида кард, ки имрӯзҳо мегузаранд. Бо маблағгузориҳои махсус душманони кишвари Белорус имрӯз мехоҳанд мардумро ба по хезонида кишвари орому осударо ба маркази низоъ ва танишҳои сиёсӣ табдил диҳанд.
Имрӯзҳо ба хиёбону кӯчаҳо баромадану эътироз намудани мардуми фирефта худ гувоҳ бар ин ҳол аст, аммо набояд фаромӯш кард, ки он роҳе, ки белорусҳо мераванд, хатосту барои наслҳои баъдӣ чоҳ мебошад. Бодя мардуми белорус ин хатои худро дарк намояд ва иштибоҳи украинҳоро такрор насозад.
Мо, омӯзгорони кафедра рафтори нодурусти ҷавонони гумроҳи белорусро маҳкум намуда, ба ҳамватанони хеш гуфтанӣ ҳастем, ки оқибати ҳама гуна майдоннишинӣ зиёну зарар асту баст!