ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: НЕСТ БОД ТТЭ ҲНИ!

Ҳамагон хуб медонанд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар кишвар ҷанги таҳмилиро ташкил карданду зиёда аз 160 ҳазор нафар шаҳрванди бегуноҳро ба қатл расониданд, ки албатта то кунун дар бораи таъсири равонии ин ҷанги шаҳрванди бар миллат чизи нагуфтаем ва ин ҳам дақиқ аст, ки дар он солҳо ТТЭ ҲНИ аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ва шабакаи террористии “ Бародарони мусалмон” дастгирӣ мешуду ёрии ҷангӣ мегирифт.

Ҳоло бошад, хоҷаи хориҷияш ба наҳзатиён шароит фароҳам овардааст, ки наҳзатиён дар хориҷ аз кишвар дар Аврупо зиндагӣ мекунанду дар ҳамон ҷо чандин сомонаҳои ифротиро таъсис додаанд, то бар алаҳи миллати тоҷик мубориза баранд, ки ин як хиёнати бузург ва нобахшиданист.

Мо, устодони кафедра ин рафтори наҳзатиёни манфур ва касифро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем.