ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ВАТАНДӮСТӢ АЗ ИМОН АСТ!

Ватан барои ҳар яки мо муқаддас ва гиромӣ мебошад. Дӯст доштани Ватан ин дӯст доштани миллат ва расидан ба қадри ин ҳама заҳматҳои қаҳрамонону гузаштагони ҷоннисорнамуда барои озодиву ободии ин кишвару ин миллат мебошад. Хушбахтона имрӯз мо кишвари соҳибистиқлол ва давлати худро дорем, ки ин бисёр ҳам неъмати бузург мебошад. Тоҷикистон имрӯз ончунон рушд намуд, ки хушбахтона ягон мушкиле несту миллат зери осмони сулҳу салоҳ ва ваҳдату саодат зиндагӣ менамояд, ки ин гаронтарин лаҳзаи зиндагӣ мебошад ва бояд ба қадри ин лаҳзаҳо расид.

Вазифаи мо соҳибватанон фақат аз он иборат аст, ки кӯшиш намоем дар ободонии ин Ватан саҳмгузор бошем ва дар ҳама соҳаҳои ҷомеа мувофиқи тавони худ саҳми арзандаву неки худро гузорем. Агар ҷавон бошем, қабл аз ҳама бояд қарзи фарзандии худро адо намоем, яъне хизмат ба Ватанро сарбаландона иҷро кунем, то аз мардони шуҷоъ ва саҳмгузор дар ҳифзи марзу буми кишвар бошем.

Мо, устодони кафедра ҳар як ҷавон ва насли наврасро ба ватандӯстиву миллатдӯстӣ роҳнамоӣ намуда, гуфтани ҳастем, ки ватандӯстӣ аз имон аст!