Дар чанд соли охир муборизаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм ва экстремизм пурқувват гардонида шуд, аммо ҳанӯз ҳам зуҳури номатлуб ва таҳлукаафкан ҷомеаи ҷаҳониро ором намегузорад. Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳанӯз ҳам дар пайи озори ҷомеаи башарӣ ҳастанд ва ин мушкил бениҳоят вазъиятро мушкил мегардонад.
Ҳоло гурӯҳҳои террористӣ бо баҳонаҳои қудратхоҳиву мазҳабгароӣ дар Афғонистон фаъолияти густарда доранд ва талош менамоянд, ки вазъияти ҷаҳонро ба ҳамин баҳона ноором созанд.
Ҳоло мардуми Афғонистон дар шароити бисёр ҳам вазнин ва ноором қарор доранд ва шабу рӯзашон бо садои тиру туфанг ва инфиҷор мегузарад, ки ин амали душманон ва ифротгароён нобахшиданист.
Аз ин рӯ, мо устодони кафедра терроризм ва экстремизми мазҳабиро маҳкум намуда, ба ҷавонон ва тамоми шаҳрвандон гуфтани ҳастем, ки аз чунин робита бо мазҳабиён ифротгаро дар канор бошанд.