ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ФИЛМИ “ХИЁНАТ” РАВЗАНЕ БАРОИ ШИНОХТИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ!

Имрӯз кишвари азизамон Тоҷикистон рушд карда, пояҳои иҷтисодияш пурқувват мегардад ва ҳамин шабу рӯз аллака расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ҳам наздик омадааст. Кишваре, ки бар асоси ҷанги хонумонсӯз комилан хароб гардида буд, имрӯз дар арсаи  бйналмилалӣ обрӯву нуфуз дорад, ки ин дастоварди бузург мебошад.  Тоҷикистон ватани ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ мебошад, ки обод шудани он, рушд кардани он аз ҳар як сокини он вобаста мебошаду меҳру муҳаббат ва садоқати мо сокинон метавонад бар истиқлолияту ваҳдати ҳамешагӣ заминаи бузург гузорад…

Ҳақиқат ҳар давру замон хоҳем нахоҳем рӯ мезанад ва хиёнаткор на ҳамеша пушти парда мемонад. Бубинед имрӯзҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ, яъне наҳзатиёни террорист худро бегуноҳ ва тозаҳак муаррифӣ намуда, дар хориҷ аз кишвар талош мекунанд, то мардумро ба гумроҳӣ баранд. Наҳзатиёни палид аслан худро бегуноҳ меҳисобанд ва ҳатто хиёнаткору хоин будани худро ҳам аён намесозанду хизматгори хоҷаи хориҷӣ буданашонро ҳам пинҳон медоранд.

Хуб медонем, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ чандин ҷинояту харобиҳо кардаанду чандин амалҳои террористӣдар қаламравӣ кишвар содир намудаанд, аммо ҳамаи кори худро пинҳон медоранду хуб бо ниқоб баромад кард. Ҳатто пардохти чандин миллион доллар аз ҷониби хоҷагони хориҷияшонро ҳам наҳзатиёни манфур ва палид ошкор намесозанду пинҳон медоранд ва ин аст, ки бо таъсиси чандин пойгоҳҳои хабарӣ нақшаи гумроҳсозии миллат доранд.

Пас ин хиёнат набуда боз чист?

Куштори зиёда аз 160 000 ҳазор шаҳрванди бегуноҳ хиёнат набуда боз чист?

Ҳоло маълум мешавад, ки мардум дар ҳақиқат ҳам ҳамаи асрори ниҳонӣ наҳзатиёнро намедонад ва махсусан насли ҷавони кишвар бехабар аст, ки ҷанги шаҳрвандии кишварро маҳз ҳамин наҳзатиёни малъун ташкил карданд ва маҳз ҳамин хоинон имрӯз барои гумроҳ кардани миллат, барои коҳиш додани обрӯйи миллат дар арсаи баналмилалӣ  кӯшиш мекунанду фаъолият мебаранд, ки ин хиёнати маҳз мебошад. Ана ҳамин паҳлӯҳои норавшани хиёнаткориву хоинии душманони миллати тоҷик-аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бисёр ҳам оқилона гуфта шудааст, ки фикр мекунам барои ҳар як сокини ватандӯст ва миллатдӯсти тоҷик як ҳуҷҷати амиқ барои шинохти душманони миллат мебошад.

Мо, устодони кафедра ин хиёнаткорӣ, ин миллаткӯшиву хоинии наҳзатиёни палидро куллан маҳкум намуда, ба созандони филми “Хиёнат” ҷиҳати парда бардоштан аз чеҳраи хоинони миллат изҳори ташаккур менамоем!