ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ФИЛМИ “ХИЁНАТ” ХИЁНАТКОРИИ М.САДРИДДИНРО ФОШ СОХТ!

Тарве, ки аз тамошои филм бармеояд, воқеан ҳам авлоди хиёнаткоронаи М. Садриддин ошкор шуд ва маълум гардид, ки воқеан М. Садриддин дар муҳити хиёнаткориву разилӣ ва хоинӣ ба воя расидааст ва ба ҷуз хоин шудан дигар кӣ ҳам мешуд?

Ҳатто чандин сол дар Афғонистон низ зистааст, ки дар он зиндагияш чӣ гуна гузаштааст ба ҳамагон маълум мебошад. Аз ҷониби дигар муассиси пойгози туҳматноманавису ифротии “Ислоҳ.нет” М. Садриддин мебошад, ки бештар бо дурӯғу сафсатаҳояш ҳамчун як маризи равонӣ ном баровардааст.

Дар филми хиёнат аз авлоди хиёнаткор будани ин палиди наҳзатӣ ва ҳамчунин ба кадом давлат зархарид будани М. Садриддини палил бозгӯ шудааст, ки ин ҳолат хашмашро овардаву ин палидаки наҳзатӣ боз бар ин филм раддия низ навиштааст, ки воқеан ҳам аз бесаводиву хиёнаткориҳояш дарак медиҳад. Раддиянависии Маҳмадиқболи авбош бар ин фил воқеан ҳам хиёнаткор ва авбошу зархарид будани ӯро дубора тасдиқ кард.

Зеро дар филмнома на ҳама он паҳлӯҳои хиёнаткориву дороии хонаводааш гуфта шудааст, аммо М. Садриддин бо навиштааш ошкор сохт, ки ин ҳама дороиву моли авлодаш аз пушти хиёнат ва хиёнаткорӣ ба даст омадааст ва ӯ идомадиҳандаи роҳи падари манфураш аст, хиёнаткориву хоинӣ!

Ин аст ҳақиқати М. Садриддин ва дигар наҳзатиёни палид, аммо онҳо имрӯзҳо талош мекунанд, то ҳамин ҳақиқатро аз мардум пинҳон доранду худро дар симои “ватандӯст” ва ё як мазлум муаррифӣ кунанд, то мардум ба онҳо бовар намоянду фирефта гарданд. Чунки мақсади ин наҳзатиён ҳам ин аст, ки ҷомеаро ба ҳар роҳ фирефта намуда гумроҳ созанду ба доми худ кашанд, ки ин албатта хиёнат ва ҷинояти нобахшиданист.

Мо, устодони кафедра ин рафтори Маҳмадиқболи авбоши наҳзатӣ ва дигар хоинони миллатро маҳкум намуда, бар ин палилон лаънат мехонем!