Ҳарчанд борҳо маъхазҳои таърихиро дар бораи хиёнати аъзоёни ТТЭ ҲНИ, наҳзатиёни манфур мутолиа кардаам ва хуб огоҳам, ки ин манфурони наҳзатӣ дар авҷи шукуфоии миллат чӣ мусибатеро бар сари миллат оварданд? Аммо бо мутолиаи сафҳаҳои таърихи навини тоҷикон, ки бо хун навишта шудаас ҳам гуӯем хато нахоҳад буд, ҳанӯз дил ором намегирад ва дар чанд рӯзи охир тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро гаштаю баргашта тамошо кардаму офарин бар созандагони ин филмнома хондам. Зеро дербоз интизор будам, ки кай дар бораи ташкилкунандагони ин ҳолатҳои даҳшатноки миллат, ин мусибат, рӯзҳои ноумедиву ғами миллати тоҷик сухан мерафта бошад?
Кай парда аз чеҳраи манфурони наҳзатӣ бардошта мешуда бошад?
Ва ҳоло, ки ин дафъа дар ин филмнома барои шинохти душмнаони миллат, талоше анҷом шудааст, теша занон бар решаҳои миллатро имрӯз ошкор кардааст, бисёр ҳам хизмати бузург мебошад. Зеро барои насли ҷавон ва махсусан сокинони кишвар донистан ва шинохтани душманони миллат, дасисабозон ва иғвобарангезони наҳзатӣ хеле ҳам муҳим мебошад. Зеро имрӯзҳо ҳамин наҳзатиёни палид, ҳамин аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ҳамин душманони инсонбадбин имрӯзҳо ба кишварҳои хориҷӣ фирор намуда, кӯшиш мекунанд, то ҷиноятҳо ва хиёнатҳои худро пинҳон намоянду ҷомеаро гумроҳ созанд.
Ҳамон гуна, ки медонем мақсад ва мароми наҳзатиёни малъун ин амали намудани дастуру супориши хоҷагони хориҷияшон мебошад ва онҳо барои анҷом додани хиёнат бар миллати тоҷик тамоми корро мекунанд, то аз хоҷагони хориҷияшон маблағ ба даст оранд. Ин аст, чеҳраи махуф ва палидонаи наҳзатӣ, ки имрӯз мисли рӯбоҳ дар рғ ниқоб гирифта, мардумро ба гумроҳ сохтанӣ мешаванд.
Мо, устодони кафедра ин рафтори манфур ва авбошонаи наҳзатиёни палидро маҳкум намуда, бар созандагони филми мустанди “Хиёнат” ҷиҳати бозгӯи ҳақиқат ва ифшои асрори душманони миллат, миннатдорӣ баён менамоем.