Ҳоло тавре, ки медонем вабои ҳамагир, ки ҷаҳонро дар ташвиш андохта буд, имрӯзҳо ба остони кишвари мо низ қадам задааст ва ин албатта бар зарари кор асту ҳамаро дар ташвиш гузоштааст. Аммо боварӣ дорам, ки миллати сарбаланди тоҷик аз ин имтиҳони сахт ва вазнин ҳам мегузарад ва ҳатман бар КОВИД-19 пирӯз хоҳад шуд. Зеро тоҷик нангу номус ва ғурур дорад. Ҳоло ҳамакаса дар мубориза бо ин вабо қарор дорем, табибон шабу рӯз ҷоннисорӣ менамоянд, ки ин воқеан ҳам аз ҳамон ғурури тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.
Аммо имрӯз пайдо шудаанд нафароне, ки худро ба қавле тоҷик ҳисобида, кӯшиш менамоянд, то бо роҳҳои гуногун миллатро ба гумроҳӣ баранд ва аз ин ҳисоб маблағ ба даст оранд ва ин нафарон ҳамон душманоне ҳастанд, ки миллати тоҷик кайҳо ба рӯяшон табқи лаънат задааст. Яъне, аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ҳамон пайравони пинҳонии он, ки ҳоло ҳар яке соҳиби расонаҳои ифротианд.
Дар мақолаи “ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС”, ки муаллифонаш Раҳмонзода Азимҷон, Субҳиддин Зиёев ва Фирдавс Мирзоёров мебошанд гап сари ҳамин масъала меравад ва муаллифон бисёр ҳам хубу равшан бар масъалаи шинохти хоинони миллат пажӯҳиш гузаронидаанд ва аз “А то Я” кӣ будани шаш хоини наҳзатиро бармало сохтаанд, ки хеле кори хуб аст.
Зеро ин наҳзатиёни палид ба хотири он ки аз хоҷагони хориҷияшон маблағ ба даст оранд, имрӯз дар мотами миллат ҳам, дар мушкили миллат ҳам табли шодӣ мезананд ва мерақсанд, ки бузургтарин хиёнат аст.
Мо, устодони кафедра аз хондани мақолаи мазкур, ки ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, бисёр ҳам хушнуд гардида, бори дигар ба ин шаш душмани аслии миллат дастаҷамъона Лаънат мехонем!