Қабл аз сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупо хоинон ва душманони миллати тоҷик аз ҷумла аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҳар гуна матлаби иғвобарангез ва бардурӯғро нашр намуданд, аммо тавре шоҳидем дертар маълум гардид, ки мақсади ин нотавонбинон ва курдилон чист?
Пешвои муаззами миллат ҳини сафар ба давлатҳои Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия бо як қатор соҳибкорон ва тоҷирон мулоқоту вохӯриҳо анҷом доданд ва як чанд санад миёни ин давлатҳо ва Тоҷикистон ба имзо расонида шуд, ки барои густариши ҳамкориҳои тарафайн ва ҷалби сармоягузорон равона гардидааст.
Рӯзи 12-уми ноябр бошад, Пешвои муаззами миллат дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ , ки дар он сарони зиёда аз 30 кишвари дунё ширкат доштанд, иштирок намуданд, ки ин албатта хашми душманони миллатро меорад. Зеро Пешвои муаззами миллат ҳамеша дар фикри ободиву осудагии аҳолии сайёра ҳастанд ва наҳзатиёни палид бошанд дар фикри несту нобуд сохтан ва ноором намудани ҷомеа мебошанд ва аз ҳамин ҷо ин гумроҳон ва ё худ террористони наҳзатӣ бар ин сафари Роҳбари давлат ба чашми каҷ менигаристанд. Наҳзатиёни палид кӯшиш мекарданд, ки бо нашри матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангез миллатро гумроҳ кунанд, аммо ба мақсад нарасиданд.
Сафари Сарвари давлат ба кишварҳои аврупо ин нишон аз қудрату тавоноии миллати тоҷик мебошад.
Мо омӯзгорон ин рафтори бешарафонаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, ба ин тоифаи малъун “шармат бод” мегӯем.