ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ҚАЛБИ СИЁҲ!

Ҷомеаи башарӣ ҳамеша аз пастфитратони мисли сиёҳдилону кӯрботинон тоза набудааст ва дар ҳар давру замоне ҳатман кӯрдилу ҳаромзодае дар гӯшаву канори ҷаҳон зистааст, ки инро метавон як навъ паразите дар олами башарият унвон кард.

Албатта, масъалаи ин ки ин паразитбашараҳо ба ҷамъият чӣ зарар мерасонанд аз дилу ният ва ботини торикашон маълум аст. Зеро дар ягон ҷойи дунё ин гуна тоифаи бадкеш ба некӣ шинохта нашудаанд ва ҳамеша доғе дар ҷомеа боқӣ гузоштаанд.

Зафари Суфӣ аз рӯзноманигорони наҳзатпараст ва ифротиёни бадкеш ҳам аз чунин тоифаест, ки фарзандони бадкеши худро дар ҳамин рӯҳия тарбия кардааст. Яке аз фарзандони ҳаромтарбияи ӯ Зеварбону Рауфӣ мебошад, ки имрӯзҳо дар хориҷи кишвар қарор гирифта, бар алайҳи миллати тоҷик, Ҳукумати кишвар ва фарзандони содиқи ин миллат туҳматномаҳо нашр менамояд.

Ин хоиндухтари фирорӣ ва бетарбияву бадкешу разил имрӯзҳо аз вазъият сӯистифода намуда, кӯшиш мекунад, ки ҳарфи бад ва носазо гӯяд.

Мо устодони кафедра ин рафтори ношоиставу ғайриинсонии ба ном “блогер” ва дар асл як душмани миллатро маҳкум намуда, гуфтанӣ ҳастем, ки лаънат бар ту!