ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: НАҲЗАТИЁН ДАР ОЛМОН ДАСТГИР ШУДАНД

Тавре, ки расонаҳо хабар медиҳанд, 5 нафар аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ДОИШ дар яке аз шаҳрҳои Олмон  бо иттиҳоми тарҳрезӣ намудани амалҳои террористӣ дастгир шуданд, ки ин панҷ нафар ҳамагӣ аз ҳамкорони Кабирии палид будаанд.

Пас аз эълон гардидани номи ин панҷ нафар террорист нахустин шуда аз инҳо М.Кабирии палид роҳбари ТТЭ ҲНИ ҳимоят кард, ки ин худ гувоҳ воқеияти  ҳол аст. Яъне ин суханронии Кабирии палид гумону шубҳаҳоро аз байн бурд ва аъзои ТТЭ ҲНИ будани ин панҷ дастгиршударо ба таври комил бармало сохт.

Ин ҷо боз ҳамон сенарияи хоинонаи Кабирии малъун ва дигар наҳзатиёни палиду хоин такрор мешавад, ки мехоҳанд бо роҳҳои гуногун обрӯйи миллатро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд ва ё ба таври дигар гӯем доғдор созанд.

Мо, устдони кафедра ин рафтори хоинони миллатро ба таври комил маҳкум намуда, ба ин бадкешони наҳзатӣ, ки дар ҳама ҷо бадномкунандаи миллат ҳастанд, лаънат мехонем.