Интихоб шудани Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр ҳам саривақтӣ ва муҳим буда, аз бисёр ҷиҳат барои сокинон фараҳбахш аст. Зеро Рустами Эмомалиро ҳамагон ҳамчун роҳбари ҷавон, қавиирода ва соҳибмактабу дорои хиради воло ва санъати махсуси идорӣ меноманд, ки дар амал собит гардидааст.
Ҳамон тавре, ки маълум аст, Рустами Эмомалӣ ба хотири беҳбуд бахшидан ба соҳаҳои мухталиф саҳми худро гузаронидааст. Ҳамзамон ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тавонистанд, ки симои шаҳрро ба куллӣ иваз намоянд ва ба як макони зебову дилкаш табдил диҳанд. Ҳамчунин дар як муддати кӯтоҳ садҳо корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ бунёд намуданд, ки ин худ гувоҳ аз маҳорати баланди роҳбарии он кас мебошад.
Мо, устодони кафедра ба ин муваффақият шарафёб гардидани Рустами Эмомалиро табрик гуфта, барои ин роҳбари ҷавон ва умедбахш муваффақиятҳо таманно менамоем!