ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ҲАНГОМАИ РАДИОИ “ОЗОДӢ” АЗ МУРОФИАИ ДАЛЕР ШАРИПОВИ ИФРОТӢ

Чанде қабл, гузориши радиои “Озодӣ” дар бораи баргузор нашудани мурофиаи  журналисти ифротгаро ва наҳзатпарвар Далер Шариповро дидам, ки дар он корманди радиои террористпарвари “Озодӣ”  кӯшиш мекард, ки бо баҳонаҳои гуногун ҳангомаҷӯйӣ кунад ва ягон хабари иғвобарангезро паҳн намояд, ки хушбахтона муваффақ нашуд.

Ҳарчанд ин чоплусаки радиои “Озодӣ” барои ба мақсад расиданаш аз чанд нафар мусоҳиба ҳам гирифт ва хушбахтона муваффақ нашуд, ки ҳамтабори худашро реклама кунаду аз ӯ як қаҳрамон7 созад. Зеро тибқи далелҳои мавҷуда ҳама ҳолатҳо исбот мекунанд, ки Далер бо сӯистифода аз ҳолати корӣ ва касби журналистӣ ба тарғиби ғояҳои ифротӣ пардохтааст, ки ин хиёнати рӯирост мебошад.

Ҳамчунин ин журналистаки наҳзатпарвар, ки имрӯз мурофиа дорад, бо пайрави аз созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин”, ки яке аз шабакаҳои бузурги террористӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад пайравӣ мекардааст, ки ин барои сокинон хеле хатарнок аст.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори кормандони радиои “Озодӣ”-ро, ки барои ҳангомаҷӯи талош мекунанду мехоҳанд як ҷинояткор ва тарғибгари терроризмро қаҳрамон муаррифӣ кунанд маҳкум намуда, ба ин бадкешон лаънат мехонем.