Имрӯзҳо пас аз фирор намуданашон наҳзатиёни палид ва касифу разил дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, талош менамоянд, ки бештар ба афкори умум таъсир манфӣ расонанд ва хабарҳои бардурӯғро нашр созанд.
Онҳо бештар ба навиштани туҳматномаҳо ва матлабҳои дорои ангезаи ифротӣ машғул гардида, онро дар сомонаҳояшон нашр месозанд ва ҳамин хел пешкаши ҷомеа месозанд, ки ин бисёр ҳам хатанок аст.
Зеро одаме, ки аз воқеият дур аст, ва ҳақиқатро намедонад зуд фирефтаи ин гуна навиштаи бардурӯғ мегардад, ки ин оқибат ба гумроҳшавӣ оварда мерасонад.
Аз ин лиҳоз аз тамоми шаҳрвандони кишвар махссан ҷавонон тақозо мешавад, ки ҳар як нуктаро дуруст таҳлил кунанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, то фирефтаи ин авбошон нагарданд.
Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллатро маҳкум намуда, ба ҳамаи ин тоифаи бадкеш лаънат мехонем.