Ҳоло аз ин ҳодисаи таърихӣ чанд даҳсола сипарӣ гардид ва хоинони наҳзатӣ ҳам ба гунае худро сафед карданду худро ба кишварҳои аврупоӣ заданд, то аз ҷавобгарӣ бигурезанд. Зеро хиёнати ин разилони наҳзатӣ, то ҳол ба таври ошкоро ба миллат гуфта нашудааст ва ин разилони бадкеш аз ин сӯистифода намуда, худро сафедкарданӣ мешаванд, ки ҳаргиз чунин нахоҳад шуд.
Зеро ғурбату доғи ба сари миллат овардаи ин наҳзатиёни манфур, то ҳол аз дили мардум нарафтааст ва мардум ҳам фаромӯш накардаанд, ки чӣ хиёнатҳое аъзоёни ТТЭ ҲНИ нисбати миллат раво диданд.
Аз ин лиҳоз ҳаргиз набояд фаромӯш кард¸ки маҳз ҳамин наҳзатиёни манфур ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ ташкилкунандаи аслии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар буданд ва маҳз ҳамин наҳзатиёни палид бо фармони хоҷаҳои хориҷияшон зиёиёнро дар кишвар ба қатл расониданд, ки ин биср ҳам хиёнати бузург аст.
Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро ҳаматарафа маҳкум намуда, ба ҳамаи ин палидон ва разилони душман лаънат мехонем.