ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ БОЯД ХОТИМА ЁБАД

Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз падидаҳои номатлуб ва ғояҳои ғайриахлоқӣ ба ташвиш овардааст, ки мисоли инро мо метавонем бештар ба зуҳури гурӯҳҳо ва созмонҳои террористиву ифротӣ шарҳ диҳем. Амсоли созмонҳои террористие, ки чанд даҳсола боз ҷомеаи ҷаҳониро бо даҳшатафканӣ ва амалҳои террористияшон азият медиҳанд, метавон “Ал-Қоида”, “Давлати исломӣ”, “Толибон”, “ТТЭ ҲНИ” “Ихвон-ул-муслимин”-ро номбар кард, ки бо даҳшатафканиҳояшон ҳаёти осоиштаро халадор сохтаанд.

Ҳамчунин сулҳро аз чандин кишвари ҷаҳон рабудаанд ин созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ. Ҳамин ТТЭ ҲНИ ҳам дар кишвари мо ҷанги шаҳрвандиро ташкил намуд ва ҷони зиёда аз 150 ҳазор бегуноҳро қурбони хасми террористияш намуд, ки инро миллати тоҷик ҳаргиз фаромӯш намекунад.

Мо устодони кафедра ин амали гурӯҳҳои террористиро маҳкум намуда, ба ҷавонон гуфтани ҳастем, ки фирефтаи ин гурӯҳҳо нагарданд.