Рафтори накӯи инсонӣ, ахлоқи ҳамида ва одоби баланди инсонӣ аз хислатҳои қадимиву доимии миллати тоҷик мебошад, ки ҷаҳониён моро бо ин рафтори намунавиамон мешиносанд. Аммо чанд тан аз авбошони палид ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ имрӯз дар хориҷи кишвар қарор гирифта аз худ рафтори ғайриинсонӣ нишон медиҳанд, ки хоси миллати мо намебошад.
Аслан падидаи терроризм ва ифротгароӣ барои миллат бегона буд ва танҳо пас аз пайдо шудани чанд тан аз палидони наҳзатӣ ва аз худ нишон додани амалҳои нодурусту ҷиноятҳои вазнин ва гузаронидани амалҳои террористӣ, мо фаҳмидем, ки Кабирӣ ва дигар аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ки замонҳои қаблӣ бештар дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта мешуданд, ҳамчун террорист омода мешудаанд. Пас оё ин бадномсозии миллати тоҷик нест? Онҳо террорист шуда садҳо маконро вайрону валангор месозанд ва хуни бегуноҳонро мерезанд, ки ин гуна амалҳо ба миллати мо бегона мебошад.
Ин тоифаи бадкеш ва палиду хиёнатпеша бо ин рафторашон номи поки миллатро доғдор месозанд, ки мо амалҳои ин тоифаи ифротиро маҳкум намуда, безарар гардонидани онҳоро аз масъулон тақозо дорем.