ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАБИӢ-ИЛМӢ: ИНТИХОБОТ ДАР КИШВАР ШАФФОФ ГУЗАШТ

Хушбахтона дар кишвари мо интихобот ба таври орому осуда ва дар як ҳолати саодату умедворӣ ба ояндаи дурахшон гузашт, ки ин ҳолатро ҳатто нозирон ва мушоҳидони байналмилалӣ ҳам баҳои баланд доданд.

Аммо як зумра хоинону бадбахтон ва нотавонбинону душманони миллати тоҷик талош намуданд, ки ҷараёни интихоботро дар кишвар нодуруст шарҳ диҳанд ва ба равнди ин маъракаи сиёсӣ таъсир расонанд, ки хушбахтона натавонистанду мардум ба онҳо бовар накарда, ба ҳавзаҳои интихоботӣ ташриф оварда, раъйи худро ба ояндаи дурахшони кишвар доданд.

Албатта, дар интихобот на ҳама метавонад, пирӯз шавад, вале он номзадҳое, ки барномаи қавӣ ва мукаммал доштанд, бе ягон муаммо ва мушкилӣ раъйи интихобкунандаашонро гирифтанд, ки ин ҳам натиҷаи пурмаҳсули номзадҳо мебошад.

Мо омӯзгорони кафедра аз ҷараёни баргузории интихобот дар кишвар огоҳ буда, ҳамчунин натиҷаи онро ҳам ба хӯшӣ қабул мекунем ва ба душманони миллат бошад, лаънат мехонем!