Ҳамарӯза мушоҳида менамоем, ки чӣ хел дар давлатҳои арабӣ ва аз ҷумла Сурияву Ироқ ҷавонони гумроҳ гирифтори ғояҳои ифротӣ гардида, ба сафи созмонҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд ва худро қурбон месозанд, ки албатта ҳамаи ин аз бемаърифатӣ ва камогоҳии онҳо сарчашма мегирад.
Аз ин лиҳоз зарур аст, ки ҷавонон бештар ба масоили илмомӯзӣ таваҷҷуҳ намоянд ва бештар ба варзиш, яъне тарзи ҳаёти солим машғул шаванд. Зеро ҷомеаро насли бомаърифат ва рӯҳан солиму амалан тануманд аз вартаи нобудӣ наҷот медиҳад.
Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори нодурустро маҳкум намуда, ба ҷавонон гуфтанӣ ҳастем, ки зиракии сиёсиро ҳифз намуда, худро аз ғояҳои ифротӣ эмин доранд.