ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРӢ: НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Чандест, ки дар шабакаҳои интернетӣ расонаҳои наҳзатӣ иғвобарангезӣ мекунанд ва ағлаб ин тоифаи бадкеш ба хотири гумроҳ кардани ҳар гуна матлабҳои нодурусту носаҳеҳро пешкаш месозанд, ки ба ақл рост намеояд. Аммо интишоркунандагони ин матлаб талош меварзанд, ки бештар бо ҳамин роҳҳо ва ҳамин матлабҳои бардурӯғ сари мардум ба сӯи дигар гузаронанд.

Зеро наҳзатиён солҳои 90-уми асри гузашта маҳз аз ҳамин равия кор гирифта, бештар аҳодису ояҳои қурониро ба манфиати худ тафсир намуда, барғалат тарҷума намуда, мардумро гумроҳ карда буданд ва ҳоло мехоҳанд, ки ҳамин роҳро идома диҳанд, ки албатта миллати тоҷик имрӯз кӣ будани наҳзатиёни палидро медонад ва ҳаргиз фирефтаи ин суханон нахоҳад шуд.

Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони миллати тоҷикро маҳкум намуда, ҳамаи ин тоифаи бадкешро лаънат мехонем ва ин наҳзатиёни малъунро душмани миллат меҳисобем.