ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРӢ: ТАНҲО МАЛЪУНҲО ҚОДИРАНД БА ХИЁНАТ

Чанд рӯз аст, ки ба хиёнатҳо ва душмании аъзоёни ТЭТ ҲНИ меандешем ва ҳеҷ ба хулосае омада наметавонем, ки чӣ тавр хоинон тавонистаанд ба миллату ватани хеш хиёнат кунанд?

Зеро хиёнате, ки ин тоифа бар миллат кардаанд, ҳеҷ инсони солим қодир нест, то бар авлоди хеш чунин хиёнатро раво бинад.

Ҳамон гуна, ки маълум аст, аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо супориши хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон дар кишвар ҷанг ташкил намуда, зиёда аз 150 ҳазор нафарро бегуноҳ сар буриданд, ки аз ин дида бузургтарин даҳшатафканӣ ва ноинсонӣ дар ҷаҳон нест.

Ҳамчунин дар гӯшаву канори кишвар аъзоёни ин ташкилоти террористӣ  дар чанд соли охир зиёда аз 30 амали террористӣ содир намудаанд, ки ин гуноҳи нобахшиданист.

Ва ҳамаи ин амалҳоро аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо фармони хоҷагони хориҷияшон анҷом додаанд, то барои худ як маблағи муайяне ба даст оранд. Ин хомсарони наҳзатӣ аз рӯзи аввал маълум мешавад, ки тарбияи дуруст нагирифтаанд ва аз малъунтарин афроди сайёра ҳастанд.

Мо устодони кафедра ин амалҳои даҳшатбори наҳзатиёни лаинро маҳкум намуда, чунин хулоса менамоем, ки танҳо малъунон қодиранд ба хиёнат.