Ҳарчанд зиёд дар бораи афзудани аъзоёни ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ расонаҳо хабар медиҳанд, аммо ин бор ҷалб шудани занон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ моро ба ҳайрат гузошт. Ба наздики хабаре нашр шуд, ки дар сафи аъзоёни созмони террористии “Давлати исломӣ” занон низ фаъолияти густарда доранд.
Алббатта ин аз як ҷиҳат агар ба омилҳои иҷтимоӣ ва амалҳои иҷборӣ вобаста бошад, аз ҷониби дигар гаравидани занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундрав бисёр ҳам шубҳаовар мебошад. Зеро зан –модар сарчашмаи хушбахтиҳост ва агар сафи чунин занон дар созмонҳои террористӣ афзун шавад, ин маънои онро дорад, ки зан дигар рисолати бузурги хеш муҳаббат ва шафқатро пурра аз худ дур кардааст ва ин бар ояндаи башарият хатарҳои зиёде эҷод мекунад.
Мо, устодони кафедра ин зуҳуроти даҳшатбори ҷомеаро, ки бо истифода аз занони гумроҳ доман паҳн менамояд, қатъиян маҳкум менамоем.