ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРӢ: ДИН ВАСИЛАИ ГУМРОҲСОЗӢ БАРОИ ТЕРРОРИСТОН

Ҳамон гуна, ки маълум аст, аксарияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ баромади мазҳабӣ доранд ва ё дар заминаи кадом равияву мазҳабе бунёд ёфтаанд, ки ин тарафи масъала гоҳо инсонро ба андеша водор месозад. Шояд суоле пайдо шавад, ки наход ҳамаи дину мазҳабҳо андешаи инсонбадбиниро меҳвар қарор дода бошанд?

Албатта, ки не, аммо то фаҳмидани воқеият хеле мегузарад, ки мо аз мақсаду мароми ҳар як гурӯҳу созмонҳо бохабар шавем.  Мисле, ки чанд сол қабл дар кишвар ТЭТ ҲНИ ҳамчун ташкилоти динӣ худро муаррифӣ мекард ва роҳбаронаш худро аз ҳомиёни дин меҳисобиданд. Аммо дертар маълум шуд, ки ин ҳизб як ташкилоти террористӣ-экстремистӣ буда, ба хотири гумроҳ сохтан ва ба андешаҳои бегона гаравонидани мардум сафарбар гардидааст. Ва мақсади аслияш ҳам несту нобуд сохтани кишвар ва бехонумон кардани шаҳрвандон будааст.

Ҳамин гуна ташкилотҳо ва иттиҳодияҳо хеле зиёданд, ки танҳо барои ба мақсад расидан аз ислом истифода мекунанд ва дар асл бошад, ягон иртиботе ба дину мазҳаб надоранд ба монанди ТЭТ ҲНИ, ки имрӯз аллакай шиори корияшонро дигар карданд.

Ин созмонҳои террористӣ барои гумроҳ сохтани мардум аз дин ҳамчун василаи гумроҳсозӣ ва ба дом андохтан истифода мебаранд ва маҳаки асосии фаъолияташон ҳам бадном кардани дину мазҳаб ва дигар падидаҳои неки ахлоқӣ мебошад.

Мо устодони кафедра ин амалҳои ТЭТ ҲНИ ва дигар созмонҳои террористӣ-экстремистиро маҳкум намуда, ҷомеа ҷаҳонро барои мубориза бар алайҳи ин зуҳуроти номатлуб даъват менамоем.