ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРӢ: НАЙРАНГҲОИ КАБИРӢ ДАР БАҲС БО Д. АТОВУЛЛО!

Тавре, ки ҳамагон шоҳид будем, М. Кабирӣ роҳбари террористони наҳзатӣ бо Д. Атовулло дар сари баҳс нишастанд ва гардонандаи баҳс М. Холиқзод бештар талош мекард, то суханони Д.Атовуллоро бибураду бештар фурсат ба М. Кабирӣ диҳад, ки ин бараъло мушоҳида мешуд. Аммо чизи, ки диққати моро бештар ҷалб намуд, сохтакорӣ ва гурезҳои М. Кабирӣ ҳамчун мутаҳҳам аз посухгӯӣ ба суолҳои Д. Атовулло мебошад.

Маълум буд, ки М. Кабирӣ аз суолҳо мегурезад ва намехоҳад, ки ҳақиқатро қабул кунад ва ин бори дигар исбот менамуд, ки М. Кабирӣ душмани рӯирости миллати тоҷик асту барои хоҷагони хориҷияш кор мекунад ва ҳатто дар баҳс аз ҷониби Д. Атовулло ин масъала матраҳ шуд, аммо М. Кабирии террорист ба ҷойи посух гуфтан ба суол, аз ҳиллаву макри наҳзатӣ истифода кард, то обрӯву эътибораш ба сифр баробар нашавад. Зеро дар як лаҳза сирру асрораш фош гардид ва маълум шуд, ки М. Кабирии террорист дар ҳақиқат душмани миллати тоҷик мебошаду бар миллату Ватан хиёнат кардаасту имрӯз ҳам ин нақшаро дар сар мепарварад. Мешавад гуфт, ки М. Кабирӣ дар ин баҳс бой доду шикаст хӯрд ва бори дигар ин исботи он аст, ки наҳзатиён дастни гаранду барои хоҷагони хориҷияшон ғуломвор хизмат мекунанд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душмани миллати тоҷик  М. Кабириро маҳкум намуда, барои хиёнатҳову рафтори хоинонааш бар ӯ лаънат мехонем!