ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРӢ: ИНТИХОБОТ МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ!

Имрӯзҳо дар кишвар омодагӣ ба интихоботи президентӣ рафтаистодааст, ки ин ҳам як маъракаи  муҳим  барои ҷамеа мебошад. Зеро аксаран фард барои он дар интихобот ширкат меварзад, ки ба тарафдории номзади арзандааш овоз диҳад. Яъне усулан шаҳрвандон ба ҳамон номзаде овоз медиҳанд, ки хостаҳову барномаҳои уммимилияшонро амалӣ кардан мехоҳад. Интихобот яъне ба тариқи мусолеҳатомез ва озод ширкат варзидан дар тасмимҳои сиёсӣ мебошад. Худи ширкат намудан дар интихобот ва ё овоз додан, як фарҳанги хос аст ва албатта миллати тоҷик ба ин маъракаи муҳим бо риояти одоби баланди шаҳрвандӣ ширкат хоҳад варзид.

Таҷриба нишон медиҳад, ки миллати тоҷик бисёр ҳам дорои фарҳанги воло ва одоби баланд аст ва ҳатман дар интихоботи президентӣ ҳам бо риояи ҳамин анъанаву русуми миллӣ ва нишон додани маданияти баланди шаҳрвандии худ иштирок менамоянд.

Мо, омӯзгорони кафедра ба маданият ва фарҳанги мардуми тоҷик баҳои баланд дода, ширкати онҳо дар интихоботро боз ҳам намунаи олии адои вазифаи шаҳрвандӣ меҳисобем.