Ҳарчанд ин шабу рӯз наҳзатиён дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, аммо набояд ин нуктаро фаромӯш кард, ки тамоми наҳзатиён бо сармоягузорӣ ва роҳнамоии хоҷагони хориҷияшон дар он ҷо маскан гирифтаанду мақсаду маромашон ҳам душманӣ варзидан бар миллати тоҷик мебошад.
Ҳама хиёнат ва он разолату ваҳшонияте, ки наҳзатиён бо фармони хоҷагони хориҷияшон бар сари миллати тоҷик оварда буданд, асло фаромӯш нахоҳад шуд ва инро ҳам наҳзатиён бояд ба инобат гиранд, ки хуни рехтаи 160 ҳазор нафар шаҳрванди бегуноҳи кишвар, ки бегуноҳ аз дасти силоҳбадастони наҳзатӣ ба қатл расонида шуданд, ҳисобу китоби худро дорад, ки наҳзатиён то кунун бар он посух надодаанд.
Чизи дигаре, ки имрӯзҳо наҳзатиён мехоҳанд аз мардум пинҳон созанд, ин чеҳраи аслияшон мебошад, ки хушбахтона кунун ҷомеа ин асрори ниҳони наҳзатиро низ медонаду ононро шинохтааст. Яъне миллати тоҷик хуб медонад, ки наҳзатиён кистанду барои кадом давлати хориҷӣ ҷосусӣ мекунанд. Наҳзатиён муздуроне ҳастанд, ки барои хоҷагони хориҷияшон ғуломӣ мекунанду бар алайҳи миллати тоҷик ба хотири маблағ душманӣ варзид, ки ин хиёнати рӯирост мебошад.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони бадкеши миллат, наҳзатиёни муздурро маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!