ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРӢ: ТТЭ ҲНИ-ТАШКИЛКУНАНДАИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ ДАР КИШВАР!

Тарве, ки ба ҳамагон маълум аст, пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки барои барҳам задани истиқлолият ва мақоми давлати Тоҷикистон талош намуданду барои амалӣ намудани ин нақшаҳои хоинонаи худ, ҷанги шаҳрвандиро ташкил карданд, ки дар натиҷа кишвар чандин сол аз лиҳози иқтисодӣ ақиб монд, ки ин кори душманони миллати тоҷик, ташкилкунандагони ҷанги шаҳрвандӣ мебошад.  Ягона созмони террористие, ки дар он солҳо сарбозон ва гурӯҳҳои силоҳбадастро барои ташкили ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар аз берун даъват намуд ин ТТЭ ҲНИ мебошад.

Наҳзатиён дар он солҳо зери султаи хоҷагони хориҷияшон даромада, ҳаматара бар алайҳи миллати тоҷик фаъолият мебурданд. Ҳамин аст, ки зиёда аз 160 ҳазор шаҳрванди бегуноҳ аз ҷониби наҳзатиён ба қатл расонида шуд, ки имрӯз ин лаҳзаҳо дар таърих ҳамчун бо ҳуруфи хунин навишташуда ёд мешаванд ва ин албатта ин хитёнати бузурги наҳзатиён, яъне аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллат, наҳзатиёни бадкешро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!