Чан рӯз қабл мақолаи Назар Муъмин доктори илм ба нашр расид, ки дар он аз воқеият ва ҳамкориву робитаҳои молии роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ва ҶИЭ сухан мерафт ва муаллиф дар он ҷо аз чанд муомилоти пулии ҷумҳурии исломӣ бо Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар чанд соли охир далелҳои қатъӣ овардааст, ки гумон мекунам дар шароити кунунӣ барои шинохти ҳар ду тараф бисёр ҳам ба маврид аст.
Зеро аксарияти далелҳои овардаи муаллиф парда аз воқеияти роҳбарони Ҷумҳурии исломии Эрон бардошт, ки чӣ тавр аз терроризм ва ифротгароӣ пуштибонӣ мекунанд ва ин як амали хилофкоронаи ҷумҳурии исломӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Аз ҷониби дигар асрори ниҳони роҳбарияти ТЭТ ҲНИ-ро фош сохт, ки ҳаргиз қабул намекард, ки барои кадом давлате кор мекунад. Аммо имрӯз бараъло ошкор шуд, ки ин наҳзатиёни палид барои давлати бегона ҷосусӣ мекунанд ва аз он кишвар маблағ гирифта бар миллату давлати худ хиёнат мекунанд, ки нобахшиданист.
Мо, устодони кафедра ин хиёнатҳои наҳзатиёнро маҳкум намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб менамоем, ки ба ин рафтори ҷумҳурии исломӣ, баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.